БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар қасри фарҳанги ноҳияи Темурмалик  вохӯрии Гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки раиси Шӯрои куҳансолони ҳаракати Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Шомалангзода Саидқул, Сардабири маҷаллаи “Мактаб” Озар Салимов, раиси ноҳияи Темурмалик Аминзода Фотеҳи Файзулло, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Ҳомидов Шариф ва узви Гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар вилояти Хатлон Зуҳрои Маҳмадсаид баргузор гардид.     

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид баромад намуда, қайд кард, ки интихобот яке аз муҳимтарин маъракаи сиёсӣ буда, иштирок ва интихоби Президенти кишвар барои ҳар яки мо, саҳми арзандаи худро гузоштан дар рушди минбаъдаи давлату миллатамон мебошад.

Сипас, дигар баромадкунандагони низ вобаста ба  масъалаҳои  муҳим мулоҳизаронӣ карда, интихобкунандагонро барои  саҳм гузоштан дар маъракаи муҳими сиёсӣ, расидан ба қадри  дастовардҳои  бузурги даврони Истиқлолият раҳнамоӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg