БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТИСТ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод бо интихобкунандагони  кӯчаи ба номи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Муъминобод оид ба тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи хонаҳои истиқоматӣ бо мақсади риояи қоидаҳои беҳдоштӣ  ҷиҳати  тарғиби тарзи ҳаёти солим  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!” шанбегии навбатӣ гузаронида  шуд.

Дар вохӯрии навбатӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Раҷабова Г ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок намуда,  вобаста ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла пешгирии сироятёбии бемории короновирус бо тозаю озода нигоҳ доштани гирду атрофи маҳали зист  суханронӣ  намуда, барои ташкилу баргузории корҳои ободонӣ ба иштирокдорон изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg