МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар якҷоягӣ бо аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод бо иштироки сокинони деҳаи Момандиёни Ҷамоати деҳоти ба номи Н.Назарови ноҳияи Муъминобод мулоқот вобаста ба таблиғу ташвиқӣ номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар вохӯрии мазкур аъзои гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ноҳия Раҷабов Гулсунбӣ, Раҷабов Абдулло дар бораи хизматҳои шоистаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пешрафту тараққиёти меҳан андешаронӣ карда, ҳамагонро барои расидан ба қадри неъматҳои бузург, хизматҳои беназири Роҳбари давлат ҳидоят карданд.
Дар навбати худ иштирокчиён ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифу дархостҳо пешниҳод намуда, ба суолу дархостҳои хеш ҷавобҳои саҳеҳ гирифтанд.