ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо усули “хона ба хона” ва суҳбати фардӣ бо сокинони кӯчаи Борбад 43, 41 ва 39 вохӯриҳо доир намуданд.
Зимни суҳбат масъулин дар бораи пешрафту шукуфоии мамлакат дар ҳафт соли охир ва бандҳои алоҳидаи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки таҳти шиори “Барои рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум” таҳия шудааст, сухан гуфта, мардумро ба иштироки фаъолона дар интихоботи дарпешистода даъват намуданд.
Дар ин рӯз, инчунин вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус варақаҳои иттиллоотӣ тақсим карда шуданд.