КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар саҳни муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №36 гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Кӯшониён оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо сокинони деҳаҳои Ҳалқаҷар, Дӯстӣ, ба номи Саидқул Турдиев ва Ортод тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён вохӯрӣ доир намуданд.
Дар вохӯрӣ гурӯҳи корӣ оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан гуфта, интихобкунандагонро ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор кардани маъракаи муҳими сиёсӣ -интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят карданд.