БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУЛОҚОТИ ГУРӮҲИ КОРИИ ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БО ФАЪОЛОНИ НОҲИЯИ КӮШОНИЁН

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Таҳти раёсати Вализода Икромиддин Сироҷиддин, раиси ноҳияи Кӯшониён ва бо иштироки Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дилноза Аҳмадзода, муовини раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, Фирӯза Шарифӣ, муовини раиси вилояти Хатлон, Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, З.Ҳикматуллозода, намояндаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи прокуратураи вилояти Хатлон, роҳбарони як қатор раёсату шуъбаҳои вилояти Хатлон бо фаъолони ноҳия мулоқоти корӣ сурат гирифт.

Бояд қайд намуд, ки ҷамъомади мазкур бо риояи талаботҳои беҳдошти тиббӣ, риояи масофаи нишаст баргузор гардид. Ҷаласаи кориро раиси ноҳия кушода, қайд намуданд, ки мақсад аз баргузории вохӯрии мазкур ин пеш аз ҳама, пурзӯр намудани тадбирҳои зиддиэпидемикӣ, пешгирии паҳншавии пандемияи COVID-19, риояи талаботҳои қонунҳои амалкунанда, пешгирӣ аз амалҳои номатлуб, ҷинояту ҷинояткорӣ, фаъолнок намудани мавқеи шаҳрвандӣ дар ҷомеа, вусъати корҳои ободонию созандагӣ ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз арзёбӣ гардид. Ширин Исматуллозода, муовини сарвазири мамлакат ва дигар аъзои гурӯҳи корӣ дар доираи масъалаҳои дар боло зикргардида фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд. Дар фарҷоми мулоқот, суолу ҷавоб ва таклифу пешниҳодҳои аҳли толор ба меҳмонон пешкаш гардида, ҷавобҳои мушаххас гирифта шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg