КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон тарғиботчиёни Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён бо сокинони деҳаҳои Ганҷина ва Гулистони Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод вохӯрӣ доир карданд.
Масъулин зимни баромади хеш қайд намуданд, ҳангоми ворид шудан ба майдони сиёсат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як фурсати кӯтоҳ ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ, ки дар он шабу рӯз мардумро парешониву Тоҷикистонро нобудӣ таҳдид мекард, хотима бахшиданд. Миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуданд, Тоҷикистони парокандаро ба ҳам оварданд. Минбаъд рӯз то рӯз Ватани азизамон пеш рафт, тараққӣ кард, мардумро ба зиндагии беҳтар таъмин намуданд. Ин шахсияти бузург бо заҳмату талошҳои худ миёни дигар давлатҳои абарқудрат Тоҷикистонро бо дастовардҳои беназираш муаррифӣ намуда, миллати тоҷикро бо фарҳанги волои ниёгон миёни дигар қавму миллатҳо шиносонд ва имрӯз миллати моро дар тамоми ҷаҳон мешиносанду ҳамчун миллати куҳанбунёд эътироф мекунанд.