БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ИН САДОҚАТ БА ВАТАН, МИЛЛАТ ВА ДАВЛАТ АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷрояи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо усули “хона ба хона” суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ташкил карда шуд.

Бо ин мақсад тибқи нақша дар маҳалаи Балхи Ҷамоати шаҳраки Балх вохӯрии навбатӣ  бо интихобкунандагон баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аъзои зергӯруҳ иштирок дошта,оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад суханронӣ намуда, зимни суҳбат масъулин оид ба дастовардҳои ноилгардида дар давоми 7 соли гузашта ва нақшаҳои Барномавӣ дар давраи то соли 2027  дар масъалаи шуғл тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, ҷавонон занон ва варзиш ибрози андеша намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg