ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар участкаҳои интихоботии № 13 доир ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар вохӯрӣ аъзои гурӯҳҳои тарғиботӣ Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён доир ба Барномаи ҲХДТ барои солҳои 2021-2027 барномаю нақшаҳои корӣ дар давраи омодагӣ ба интихоботӣ оянда ва ҳамчунин дар асоси Барномаи ҲХДТ Худоёров Муқим мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён қайд намуданд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон худ шарики фаъоли дигаргунсозиҳои сохтори давлатӣ ва шакли идоракунии ҷомеаи муосири Тоҷикистон мебошад ва раванди маъракаҳои сиёсӣ собит месозанд, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон яке аз ҳизби сернуфуз дар тамоми қаламрави кишвар маҳсуб гардида, бо ҷонибдорони худ як қувваи бузургро ташкил дода, ба сифати ташкилоти сиёсӣ- ҷамъиятӣ дар тақдири халқи Тоҷикистон нақши муҳим мебозад.
Бо баргузории маъракаҳои муҳими сиёсии дарпешистода, мо ҳизбиён масъулияти баланди касбӣ нишон дода, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ баргузор намудани он ва ба ҳадафҳои ниҳоӣ ноил гаштан мавқеи устувор доштани ҳизби моро нишон медиҳад.