Бардошт аз мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли ҷамоатчигӣ: Солимии ҷомеа асоси рушди давлату миллат аст

ЁВОН.Чанде қабл бо иштироки аҳли заҳмати деҳаи Оли Сомониҷамоати деҳоти Обшорон  вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрии мазкур намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва бо даъвати Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣдиректории Маркази зидди бемориҳои ВНМО/СПИД Ҷ. Алифов,мудири тиббӣ-машваратии ҷавонону наврасони Беморхонаи марказии ноҳия Иззатуллоева Сайёраиштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия М.Солиҳов оид ба ободонии маҳал, сабзу хуррамгардонии он, тоза намудани ҷӯйю заҳбурҳо, сафед кардани девору атрофи манзилҳои истиқоматӣ, иштирок ва саҳм гузоштан даркорҳои созандагию ободонӣ, тарбияи дурустӣ фарзандон, тарғиби арзишҳо ва фарҳанги миллӣ, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон андешаронӣ карда шуд.

Инчунин, Алиев Ҷаҳонбек ва Иззатуллоева Сайёра оид ба пешгирии бемориҳои сироятӣ ВИЧ/СПИД, роҳҳои гузариши он, пешгирӣ аз паҳншавии ин бемориҳо, пешгирии таваллуд дар хона, аз байн бурдани никоҳи хешутаборӣ, аз муоинаи тиббии ҳатмӣ гузаронидани навхонадорон андешаронӣ карда,  ба ҷамъомадагон барои пешгирии бемориҳои сироятӣ, ҳифзи солимӣ ва истифодаи дурусти гигиенаи шахсӣ маслиҳатҳои судманд доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg