ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳои пешазинтихоботии ҲХДТ дар тамоми ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Ёвон вохӯриҳо баргузор гардида истодааст.
Чунин як вохӯрии судманд бо мақсади роҳандозии корҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳафт соли оянда баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия, раиси Ситоди марказии ноҳиявии ҲХДТ Раҳматуллоев Мақсудҷон баромад намуда, иброз дошт, ки шурӯъ аз 15 сентябри соли равон корҳои таблиғотию дастурдиҳӣ ва омӯзишӣ дар ҳудуди ноҳия оғоз гардидааст.
Барои ҳамаи мо боиси ифтихормандӣ аст, ки имрӯз бо эътимоди комил ва шарафи бузург Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намудаем.
Воқеан ҳам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо талошу заҳматхои худ, фидокорӣ, ғамхориҳои бесобиқа нисбати халқи Тоҷикистон ва иқдому ташаббусҳои созандааш ба мақому манзалати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвом миллат сазовор гардидааст.