БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ ВАКИЛОН ДАР МАҲАЛ ЗИЁД АСТ

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!»  бо ташаббус ва дастгирии   вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Дӯстӣ Ҷалолов Абубакр дар деҳаи Шаҳдрези Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»  тариқи ҳашар  доир гардид, ки дар он сокинон бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар, сиёсати ватандӯстонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар корҳои ободониву созандагӣ саҳми арзанда гузоштанд. Чунин иқдому амалҳои созанда  баҳри пешрафту тараққиёти Ватан бо дастгирии фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ минбаъд низ бо маром идома ёфта,  сокинон талош бар он доранд, ки дар оянда барои худ ва фарзандонашон шароити хуби зиндагӣ фароҳам созанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg