ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти аъзои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо интихобкунандагони деҳаи Панҷрӯди Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл баргузор шуд.
Дар рафти суҳбат гурӯҳи тарғиботӣ аз дастовардҳои ҳафтсолаи охир, Барномаи пешазинттихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, иброз доштанд, ки ин ҳама пешрафту шукуфоие, ки мо имрӯзҳо мардуми шарафманди Тоҷикистон бо чашми сар мебинему бо зиндагии арзанда таъмин гардидаем, аз файзу баракати замони соҳибистиқлолӣ, талошу заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст ва моро лозим аст, барои интихоби боз ҳам ояндаи дурахшони Ватан ба номзади ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳем.