БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИФОДАИ ОЛИИ ИРОДАИ МАРДУМ АСТ

ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ  дар деҳаи Ҷангалпарвари Ҷамоати деҳоти Нури Вахш хониши сиёсӣ  доир гардид, ки дар он  аъзои ситоди ноҳиявӣ Барномаи  пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ-ро  баррасӣ намуданд.

Инчунин, гурӯҳи тарғиботӣ дар бораи дастовардҳои замони Истиқлолият дар тӯли  29 сол, пешрафту ободии Ватан, таъмини зиндагии шоиста ба мардум, ки ин ҳама аз сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегиранд, суханронӣ карда, интихобкунандагонро барои интихоби дурусти номзади арзанда  дар рӯзи интихобот даъват  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg