ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Тибқи нақша-чорабиниҳои Ситоди пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки аъзои Ситод ва гурӯҳи тарғиботии ҳизбӣ дар толори маҷлисгоҳи КИИК Эшбек Саттор ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони деҳаи Нури Вахш мулоқот доир гардид.
Дар мулоқот намояндагони ҳизбӣ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ ва дастовардҳои 7 соли гузашта, ки таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, андешаронӣ карда, интихобкунандагонро барои иштироки фаъолона намудан дар корҳои ободониву созандагӣ, дар маъракаи муҳими сиёсии дарпешистодаи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раҳнамоӣ карданд.