БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ОБОДОНӢ БО МАРОМ ИДОМА ДОРАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҳаллаи ба номи Исмоили Сомонии Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва сокинон шанбегӣ баргузор гардид.

Дар корҳои ободонӣ  сокинон фаъолона иштирок намуда, гирду атроф ва роҳравҳоро аз партовҳо тоза карда, гулҳои ороишии мавсимӣ шинонида, бехи  дарахтонро нарм намуда, аз алафҳои бегона тоза карданд. Қайд кардан ба маврид аст, ки барои дар сатҳи баланд омодагӣ ба маъракаи муҳими сиёсӣ - интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар рӯзҳои шанбе бо ҷалби сокинон ва кормандон шанбегӣ, аз ҷумла   корҳои тозагию ободонӣ гузаронида мешавад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg