БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ВАБОИ АСР

ВОКУНИШ. Дар замон ва ҷомеи муосир ҳизбу ҳаракатҳо ва равияҳои гуногуне пайдо гардида, амал карда истодааст, ки бархе аз онҳо харектери иртиҷоӣ  ва зӯроварӣ доранд ва агар онҳо фурсат ва шароити муносиб ёбанд, метавонанд, ки пеш аз ҳама ҷавононро  ба худ ҷалб карда, ба ин васила мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ намоянд. Яъне, дар ҷавонон, ки шуури тозаву таҷрибаи кам доранд имконияти бештаре мавҷуд аст, ки  онҳоро ба самте равона созанд. Аз ин лиҳоз давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаю дастурамалҳои зиёдеро таҳияву баррасӣ менамояд то ки ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои  бегона шомил нашуда, дар марҳилаи кунунӣ  ба омӯзиши илм, аз худ кардани ҳунар ва варзиш, ки дар воқеъ қосиди сулҳ ва гарави саломатӣ маҳсуб мешавад, машғул шуда, роҳи неки зиндагиро интихоб намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22.12.2016 ироа гардида буд, қайд карданд, ки «Бо дарназардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат пешниҳод менамоям, ки соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли ҷавонон» эълон карда шавад.

Бояд қайд кард, ки Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳар як баромадашон ба ҷавонон рӯ оварда, таъкид менамоянд, ки  «Ҷавонон ҳушёрию зиракии сиёсиро аз даст надода, фирефтаю побанд ва пайрави  равияҳои бегона нагарданд».

Бо эътимоди комил метавон қайд кард, ки  мо ҷавонони имрӯза дастгириҳои  давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои  бегонаро дар майнаи худ таҳлил карда, роҳу равиш ва пайрави ки будани худро маълум кардаем. Мо асло намегузорем, ки ифротгароён тавассути мо ҷавонон мақсадҳои ғаразноки худро амалӣ намуда, ҷомеаи имрӯзаро, ки дар воқеъ як фазои озод ҳукумфармост, нотинҷу ноором созанд.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари кориашон ба ноҳияи Балҷувон санаи 27.07.2017   дар маркази ноҳия ва ҳам дар Ҷамоати деҳоти Сари Хосор ба мардуми ноҳия  рӯ оварда, қайд карданд, ки: «Ман изҳори сипосу миннатдории худро ба падарону модарони ҳамин  сарзамин баён менамоям, зеро ба чунин як  сатҳи душвори зиндагӣ нигоҳ накарда, то имрӯз ягон нафар  ҷавонон аз ноҳияи Балҷувон ба равияҳои террористиву экстремистӣ шомил нагардидааст». Аз ин  каломи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, ки  ҷавонони ноҳияи Балҷувон бо садоқатмандӣ    ва ҷонибдорӣ  аз сиёсати имрӯзаи давлату Ҳукумати Ҷумҳурии тоҷикистон, ки асоси онро созандагию бунёдкорӣ ташкил медиҳад, созандагон ва ҳомиёни Ватани азизу маҳбубамон ҳастанд.

Қурбонзода  Нусратулло, аъзои  намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”- и назди КИ ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон            

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg