Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар толори фарҳангии ба номи Максим Горкий бо интихобкунандагони кӯчаи ба номи Ҳайдарови Ҷамоати шаҳраки Балхи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ мулоқот доир карда шуд.
Дар чорабинӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Маҳмадсаид Абдулҳаев ва роҳбари гурӯҳи таблиғотӣ иштирок дошта, чорабиниро Маҳмадсаид Абдулҳаев кушода, муфассал вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баромад кард.
Сипас, роҳбари гурӯҳи тарғиботӣ С. Аллаёрова суханронӣ намуда, доир ба дастовардҳои ҲХДТ дар даврони соҳибистиқлолӣ изҳори андеша карда, аз иштирокчиён даъват ба амал овард, ки дар раванди баргузории чорабинии сиёсии дарпешистода- интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ ширкат варзанд.
Инчунин, дигар аъзои гурӯҳи тарғиботӣ дар ин чорабинӣ вобаста ба масъалаи ба миёнгузошташуда изҳори андеша намуданд.