БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БА НОМЗАДИ АРЗАНДАИ ҲХДТ ОВОЗ МЕДИҲАМ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи  Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон дар Ҷамоати деҳоти Ҳалевард бо усули “хона ба хона” мулоқот доир карданд.
Зимни суҳбат
роҳбари зергурӯҳ Назарзода Анзурат дар бораи иштироки мардум дар интихобот ва ҳуқуқи ҳар як шахс марбут ба интихобот суҳбатҳо доир намуда, иштирок дар интихоботро аз ҷониби ҳар як шаҳрванд садоқат ба халқу Ватан ва ҷонибдорӣ аз сиёсати давлату ҳукумат арзёбӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрии мазкур Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муаррифӣ гардида, нишондиҳандаҳои асосӣ ва заҳмату меҳнатҳои номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давоми фаъолияти кориашон давоми солҳои 2013-2020 ва нақшаю тадбирҳои андешидаашашон барои солҳои минбаъда ба таври возеҳу равшан ба мардум фаҳмонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg