Ш.ШОҲИН.Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар деҳаи Ҳоҷидараи ҷамоати деҳоти Даштиҷумбо сокинон вохӯрӣбаргузор гардид.
Дар вохӯрӣ мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Неъматов Абдуҷаббор ва мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроия Ҳошимов Абдураҳим иштирок ва суханронӣ намуданд.
Масъулин зимни суханронӣ оид ба суханрониҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеа, нуктаҳои асосии Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ андешаронӣ намудаву моҳияту муҳтавои масъалаҳои номбурдаро ба дарки ҷомеа расониданд.
Дигар баромадкунандагон низ фикру андешаҳои хешро оид ба мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар баён намуда, ҷамъомадагонро баҳри дастгирии амиқ дар ободии Ватан ва рӯзгори осудаи мардум ҳидоят карданд.