А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар маъракаи пешазинтихоботии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи тарғиботии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва бо намояндагӣ ва роҳбарии намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар деҳаҳои Шеробод ва Архӯи Ҷамоати деҳоти Дӯстии ноҳия бо мардум мулоқоту вохӯриҳо доир намуданд. Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ бо мардум атрофи масъалаҳои интихобот, ҳуқуқу уҳдадориҳои интихобкунандагон, масъулияти шахсӣ доштан ҳангоми овоздиҳӣ ва интихоби номзади арзандаи худ суҳбатҳо доир карданд.
Ҳамзамон, намояндагон миёни аҳолӣ оид ба дастовардҳои кишвар давоми солҳои истиқлолӣ қайд намуда, корнамоиҳо ва қаҳрамониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро давоми фаъолияти Президентиаш ба мардум фаҳмонида, сокинонро барои шукргузорӣ намудан аз Истиқлолияту Ваҳдати миллӣ ва ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон даъват намуданд.
Намояндагон мазмуну муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба саҳми сокинон расонида, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки рӯзи 11 октябри соли равон ба ҷонибдории фарзанди фарзонаи миллат номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.