ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Сангтӯда бо иштироки гурӯҳи тарғиботӣ вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, намояндаи Ҷамоати деҳоти Сангтӯда Воҳидов Аҳлиддин ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмаҳмад вохӯрӣ доир карда шуд.
Дар баргузории чорабинӣ намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара, омӯзгорон, собиқадорони ҲХДТ ва истиқоматкунандагони деҳа оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирок намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ тарғиботчиён оид ба дастовардҳои дар давоми 7 соли охири роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштирокдорон ироаи сухан намуданд.