БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ - МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар доираи нақшаи узви  аъзои гурӯҳи таблиғотии ноҳиявӣ, бо мақсади таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар толори маҷлисгоҳи муассисаи таълимии №9- и  Ҷамоати деҳоти Сангтӯда, деҳаи Сангтӯда бо иштироки Каримзода Пирмуҳаммад  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  ва дигар масъулин суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Масъулин зимни чорабинӣ атрофи мазмун ва муҳтавои Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва Қонуни Конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноилшавӣ ба нишондиҳандаҳои баланди фаъолият зимни амалишавии барномаҳои давлатӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии мамлакат, рушди соҳаи маорифу кишоварзӣ, энергетика, ҳифзи иҷтимоӣ ва нафақа, дигар соҳаҳои ҳаётан муҳим бо назардошти масъалагузориҳои Пешвои муаззами миллат суханронӣ намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg