БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБОТ ИН ҲАМҚАДАМӢ ДАР РУШДИ ДАВЛАТИ МИЛЛӢ АСТ

ДАНҒАРА. Дар доираи соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара  дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2 - и Ҷамоати шаҳраки Данғара  вобаста ба шарҳу тавзеҳи   Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо сокинони кӯчаҳои Восеъ, Марказӣ, М. Нуралӣ, Маҳаллаи №11 доир гардид.

Дар мулоқот  аз тарафи  узви гурӯҳи тарғиботӣ Нуралиев Раҷабалӣ  оид ба дастовардҳои Пешвои миллат, Раиси ҳизб Эмомалӣ Раҳмон дар давраи 7- соли охири сарварӣ  суханронӣ намуда,  дар идома вобаста ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 таҳияшуда ба ҳозирин шарҳ дода шуд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён баён гардид, ки номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg