ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ суҳбату вохӯриҳоро бо интихобкунандагон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Гулободи Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов дар саҳро ҳангоми ҷамъоварии пахта бо сокинон баргузор карданд.
Дар вохӯрӣ аъзои зергурӯҳ иштирок ва суханронӣ намуда, оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ибрози ақида намуда, қайд карданд, ки вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ дар миёни аҳли ҷомеа мебошад.
Ҳамзамон, иштирокдорон нисбат ба пешрафту ободии кишвар таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, изҳор доштанд, ки пешбарӣ гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мо мардуми тоҷик боиси ифтихору сарфарозист ва мо ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат мебошем.