ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон дар деҳаи Ҷаврези Ҷамоати деҳоти Абдӣ Авазови ноҳия бо усули “хона ба хона” мулоқот доир карда шуд.
Зимни суҳбат Мирзоев Сафаралӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва баромад намуданд.
Дар суҳбат аъзои гурӯҳи тарғиботӣ иброз доштанд, ки интихобот ифодаи олии ҳокимияти халқ ба ҳисоб рафта, ҳар шаҳрванд вазифадор аст, ки дар маъракаи муҳимми сиёсӣ фаъолона ширкат намояд ва барои ободу шукуфоии Ватан саҳми худро гузорад.