БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ!

ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маърифатчиён» вобаста ба тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқот бо сокинон доир гардид.

Дар рафти вохӯрҳо узви гурӯҳи тарғиботӣ оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи соҳибистиқлолии кишвари маҳбубамон суханронӣ намуда, инчунин оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад аз ҲХДТ ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои солҳои 2021-2027 таҳияшуда ба ҳозирин шарҳ доданд.

Дар охир аз ҷониби иштирокчиён, хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Раиси муаззами ҲХДТ баён гардида, аҳли иштирокчиён қайд намуданд, ки номзадии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg