Шаҳрвандон баҳри татбиқи сиёсати оқилонаи Пешвои миллат талош меварзанд

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҶДММ «Хумо»-и ноҳияи Шаҳритуз, бо иштироки мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Абдуллоева Шоира бо кормандони масъули ташкилоти мазкур  оид ба шарҳу тавзеҳи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолони кишвар, ки санаи 12 майи соли равон баргузор гардид, мулоқот доир карда шуд.

Дар вохӯрӣ масъулин  атрофи суханрониҳои Пешвои миллат бо фаъолони ҷумҳурӣ ҳарф зада, иброз доштанд, ки дастуру супориш ва ҳидоятҳои  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои фазои сулҳу ороми кишвар ва зиндагии осудаи мардум саривақтӣ буда,  ҳар як фарди ҷомеаро зарур аст, ки суханрониҳои Роҳбари давлатро хуб дарк намуда, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳад.

Дар ин радиф нуктаҳои асосии  Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  аз ҷумла тарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро дар назди ҷамъомадагон баррасӣ гардида,  тавсия дода шуд, ки баҳри амалигардии сиёсати имрӯзаи Пешвои миллат ва  ҳадафҳои созандаи ҲХДТ саъю талош варзанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg