ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гурӯҳи таблиғотӣ ва аъзои зергӯрӯҳи якуми назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш бо интихобкунандагони деҳаи Пролетари Ҷамоати деҳоти Тоҷикобод суҳбату вохӯрӣ баргузор намуданд.
Дар вохӯрӣ раиси Ситоди пешазинтихоботӣ дар ноҳия Маҳмадов Одилҷон иштирок дошта, аз дастовардҳои кишвар зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар 7 соли охир ёдовар шуд. Одилҷон Маҳмадов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар идоммаи суҳбат қайд намуд, ки боиси ифтихору дарси ҳақиқат аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззаи ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ташаббускориҳои наҷиб, аз ҷумла дар сатҳи оливу ҷаҳонӣ ибрати шахсӣ ва иродаи нерумандии худ ҷиҳати таъмини амнияту осоиштагӣ, рушду нумуи Ватани азизамон ҳамчун Пешвои миллат халқро ба созандагиву буёдкорӣ ва худшиносии милливу ватанпарастӣ ҳидоят намуда, дар олами башарӣ ҳамчун сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудааст.