БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА БА ИНТИХОБОТ!

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Дар толори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12-и шаҳри Бохтар вохӯрии навбатии аъзои Гурӯҳи тарғиботии вилоятӣ ва шаҳрӣ оид ба тарғибу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони маҳаллаҳои “Борбад” ва “Ҷалолиддини Балхӣ” доир гардид.

Қосимзода Солеҳа доир ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муфассал маълумот дода, таъкид дошт, ки номзадии Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани 14-уми ҲХДТ аз ҷониби вакилон пешбарӣ гардидааст. Дар Барномаи пешазинтихоботии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷавонон ва кор бо ҷавонон мавқеи махсусро дорост. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси муаззами худ - муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи тарбияи ҳамаҷонибаи ҷавонон ва ҳалли мушкилоти вобаста ба оила ва занон диққати аввалиндараҷа медиҳад. ҲХДТ ва номзади он дар ҳафт соли оянда мақсад доранд, ки ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ карда, нақши занонро дар ҷомеа боз ҳам баланд бардошта, оммавигардонии варзишро таъмин намоянд ва дар ин соҳаҳо тадбирҳои зиёде амалӣ гардонанд.

Сипас, Сафарзода Асалмо ба сухан баромада, доир ба фаъолияти пурсамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ободиву пешрафти мамлакатамон андешаронӣ намуд. Мавсуф гуфт, ки нақши Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, пойдории сулҳу субот дар кишвар, расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, баланд бардоштани обруву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хело назаррас ва қобили таҳсин аст.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg