БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи пешазитихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва баргузории чорабиниҳои маърифативу варзишӣ ва иттилоотӣ ҷиҳати ихтиёран сафарбар гардидани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даъвати тирамоҳии соли 2020 миёни интихобкунандагони ҷавони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №8-и деҳаи Зарнисор №1-и Ҷамоати деҳоти ба номи Сайф Раҳим бо иштироки роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”-и назди Кумита дар якҷоягӣ бо муовини аввали раиси ноҳияи Балҷувон ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор карда шуд.
Дар суҳбат муовини раис ва раиси Кумитаи иҷроия оид ба интихобот маълумотҳои заруриро манзури интихобкунандагони ҷавон гардониданд. Сипас, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон Марҷона Муродова оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда, қайд кард,ки ҳар як интихобкунандаи ҷавон бояд аз нозукиҳои интихобот, илму техникаи муосир бохабар буда, барои аз худ нмудани илмҳои замони хеш аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ба таври васеъ истифода намоянд. Чунки, ҳар як давлату миллат ба ҷавонони созандаю бунёдкор ва бо илму маърифат пайваста ниёз дорад.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон талош меварзад, ки ба маълумотнокии ҷавонон эътибори махсус зоҳир карда, барои баланд бардоштани савияи дониши онҳо аз тамоми зинаҳои илму дониш ва маълумотнокӣ барои ҷавонон истифода менамояд. Бахусус, аз тадбирҳое истифода менамояд, ки дастрасии ҷавонон ба техналогияи нави иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ сурат гирад ва барои онҳо имконпазир бошад.