БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ДАСТОВАРДҲОИ ОН

ВОКУНИШ. Пас аз пош хӯрдани ИҶШС ва Истиқлолият ба даст овардани ҷумҳуриҳои дар ҳайати он буда, тағйироти куллӣ дар ҳаёти мардуми собиқ шӯравӣ ба вуқӯъ омад. Тоҷикистони соҳибистиқлолгардида,  ки мехост қадамҳои  нахустини  худро  баъд аз 70 соли  тобеъият дар ин ҷамоҳир ба пеш гузорад, гирифтори кашмакашу низоъҳои динию мазҳабӣ ва маҳалчигӣ  гардид. Бадхоҳону мансабталошон аз ин фурсат  истифода бурда, тухми  фитнаро  дар байни  мардум коштанд. Маҳалгароию бадбинӣ,  қавмгароӣ ва миллатпарастӣ вусъат гирифт. Аҳолии як минтақа аз гиребони минтақаи дигар гирифт, ҳатто ҳамдигарро ба кофир ва мусалмон набудан гунаҳкор дониста, кушторҳои бераҳмонаро содир менамуданд.

Вазъият хеле мураккабу даҳшатнок гардида буд. Шумораи аҳолӣ гуруснаю  бе хона  ба афзоиш  ниҳоду  муҳоҷирони  иҷборӣ Ватани аҷдодии хешро  тарк  намуда, ҷони азизи  худу  пайвандонашонро  рӯи  кафи дастон гирифта,  ба давлатҳои ҳамсоя фирор намуданд.

Ҷавонони гумроҳшуда ба кадом самт рӯй овардани худро надониста, қурбони дассисабозӣ  ва ҳадафи фитнаангезони давр гашта, қувваи созандаю бунёдкоронаи худро дар айни камолоти умр аз даст медоданд. Ашки модарони фарзанд куштаву тифлони бепарастормонда ҷорӣ гашта, дуду фиғони мардуми мусибатзада домони фалакро печонида буд.

Минтақаи мо, ки аз маҳали ҷангзада дуртар қарор дошт ва имконияти итилоотияш дар он замон хеле маҳдуд буд, хабарҳои даҳшатбор ҳамарӯза аз даҳон ба даҳон гузашта, воҳимаангезтар  мешуд. Дар ҳар деҳа ё маҳалла 3-4 телевизион мавҷуд буд, ки аҳолӣ  дар гирди онҳо бо чашми гирён гирд омада, хабарҳои ҳаррӯзаро тамошо мекарданд. Гузоришҳои телевизионӣ аз маросимҳои ёдбуди ҷавонон ва ба хоксупоридани ҷасадҳои шасиятҳои маълуму  маъруфи Тоҷикистон олимони соҳаҳои гуногун, сиёсатмадорони қавиирода  ҳамарӯза  пахш мегардид. Касе  агар мехост,ки пеши роҳи ҷанги хонумонсӯзу бародаркушро бигирад, аз тарафи мухолифони кишвар кушта мешуданд. Радиои Тоҷикистон пас аз пахши оҳанги чандинкаратаи ғамангез хабари марги олим ё фозилеро ба мардум мерасонид.Бадхоҳони миллат барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаи худ чун кирм решаи Тоҷикистони соҳибистиқлолро мешикофтанд. Тоҷикистон ба шохаҳо тақсим  карда  шуда буд ва шамоли  кинаву адовати динию масҳабӣ шохаҳоро ба ҳам кӯфта, ғураҳои хоми норасида дар айни камолот ба хок яксон мегардиданд. Қатлу куштори бераҳмона, ғоратгарӣ, таҷовус ба номус, дарбадарию гуруснагӣ меафзуд. Ҳангоми ҷамъомаду маъракаҳо мардум ҳамдигарро, коммунист, демократ, ваҳобӣ, ҷадид, растохез гуфта, таҳқиру таҳдид мекарданд ва бе он ки худ ба маънию мантиқии ин вожаҳоро дарк намоянд,  ба сӯи ҳамдигар санг меандохтанд. Мафкураи мардуми баъзе маҳал то он ҳад ба ҳамзада шуда  буд, ки таҳсил дар мактабҳои миёнаи умумиро куфру бидъат мешумориданд. Аксар мактабҳои миёнаро дар маҳалаҳо сангборон карда, ба харобазор табдил дода буданд. Моликияти давлаттию ҷамъиятӣ  ҳамчун ғанимати муфту  беаҳмият тасарруф ва ғорат карда мешуд. Ёдам ҳаст, ки чи қадар чорвоҳои калони бо заҳмат парвариш намудаи давлатиро «калтаҳои Мансур »-и замони ҷанги бародар куш  бо  силоҳ  аз пой  уфтонида,  забҳ мекарданд ва ба «Фронт» мефиристониданд. Иқтисодиёти кишвар рӯ ба таназул ниҳода, хатари аз байн рафтани давлату миллати бофарҳанги тоҷикногузир гашта буд.

Иҷлосиаи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, фарзанди фарзонаи миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард. Миллати тоҷик ҳомии худро пайдо намуд. Гурӯҳои тундгаро ба ваҳдату ҳамдилӣ даъват гардиданд, силоҳ бадастонро водор намуд, ки ҳамдигарро бахшида силоҳи  худро ба замин гузоранд. Мардуми  парокандашударо  ба  ҳам  овард,  ҳисси нафрату бадбиниро нисбат ба ҳамдигар аз байни аҳолии муқими Тоҷикистон аз миён бурд, муҳаббати инсониятро афзун намуд, чашми мардумро ба сӯи озодии воқеӣ боз намуд, миллати шарафманду сулҳпарварӣ тоҷик соҳибфарҳангу соҳибтаммаддун аз вартаи ҳалокат наҷот ёфт.

Акнун ВАО Ҷумуҳурии Тоҷикистон  гузоришҳоро аз ҷараёни супоридани силоҳҳои оташфишон, баргардонидани гурезаҳо, ҷо ба ҷо намудани мардуми бехонумон гашта пахш менамуд, ки аз ояндаи дурахшони Тоҷикистон дарак медод. Нолаҳои ҷонгудози модарони чашм дар роҳи фарзандони бурунмарзиашон,  ки тавасути барномаи «хоки Ватан»-и радиои Тоҷикистон пахш мегардид, тадриҷан кам гардидан гирифт.

Маҳз сиёсати хирадмандона ва сулҳхоҳонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боис гардид, ки мухолифини давлату миллат паси мизи музокирот нишинанд ва роҳи росту ҳамдигарфаҳмиро пеш бигиранд. Аз як тараф сиёсати сулҳхоҳонаи Эмомалӣ Раҳмон аз тарафи дигар бошад ҳамдигарфаҳмии мардуми ба доми найранги мухолифин афтодаи тоҷик боис гардид, ки сулҳи тоҷикон барқарор гардад. Мухолифини кишвар аллакай эҳсос намуда буданд, ки такягоҳи асосии  худро, ки аз мардуми ба дом афтода иборат буд, аз даст дода истодаанд ва эътимоди мардум рӯз аз рӯз коста гардида ба зудӣ пушти онҳоро раҳо хоҳад кард. Ва замоне назҳатиён мехостан дар Тоҷикистон давлати исломӣ барқарор намоянд ва миллатҳои муқимигаштаи Тоҷикистонро, ки дину оини мухталиф доранд дар солҳои 90-ум аз кишвар пеш кардани ҳам буданд ва дар ин самт низ  фаъолияти чашмрас доштанд. Акнун бошад дар давлатҳои ғайри исломӣ ҳам чун паноҳҷӯи сиёсӣ қарор гирифта, боз хадафҳои нопоку нооромкунандаи худро идома доданианд. Гурӯҳҳои мухолифи кишвар, ки дар хориҷ маскан гирифтаанд ва аксарият аз сиёсат хабаре надоранд ҳамчун синамогарон нақшҳои гуногун омода намуда, таввасути шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн менамоянд, ки танҳо ҳадафашон коста намудани зеҳни мардум набуда, балки бо ин восита аз хоҷагони хориҷиашон маблағ низ ба даст меоранд. Ва ин «сиёсатмадорон» чи ҳодисае, ки дар кишвар ба вуҷуд биёяд, хоҳ сиёсӣ бошад хоҳ табиӣ мавриди ҳадаф қарор дода,  итилоотӣ  носаҳеҳ, норавшанро бедалел бо ҳангомаю овозаҳои беасос паҳн менамоянд, ки мақсадашон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ҷалб намудани тамошобин ва аз ин ҳисоб пул кор кардан аст. Чунин афродро на хабарнигор на сиёсатмадор,  балки блогнавис ё ин, ки блогер мегӯёнд. Дар пахши хабар ва суханронии онҳо менигарем на одоби касбии хабарнигори ва хато оини мард будану ҷавонмарди низ риоя намегардад.

Сиёсат ва омилхои сулҳгароёнаи пешгирифтаи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боис ба он гардида, ки маҳалгароӣ  аз байни аҳолӣ нест гардидааст ва ин васила барои расидан ба ҳадафҳои муғризонаи мухолифин корсоз нахоҳад буд. Аз ин лиҳоз чихеле, ки дар  шабакаҳои иҷтимоӣ  дида мешавад,  ҳадафдорон домони муҳоҷирони меҳнатиро гирифтаанд ва мехоҳанд худро ба ин қишри ҷомеа дилсӯз нишон дода, бори дигар шонси худро имтиҳон кунанд. Аксарияти ин афрод худро ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон нишон дода,  бадин васила кисаҳои хуро аз ин ҳисоби онҳо пур мекунанд. Ва ин амали онҳо мақоли халқиеро ба хотир меорад, ки мегӯянд. «Кадом гурба аз барои соҳибаш муш шикор мекунад» Ҳолон, ки 70 дар сади муҳочирони меҳнатӣ дод аз дасти корфармоён ва ё ба ибораи дигар пасредникҳо мегӯянд, ки музди меҳнати муҳоҷиронро пардохт намекунанд.

Мавриди зикр аст, роҳбарон ва фаъолони ҲНИ дар бештари суханрониашон шарм надошта афсӯс мехӯранд, ки созишномаи сулҳро имзо намуданду сулҳ кардаанд. Саволе ба миён меояд, ки онҳо бо, ки сулҳ карда бошанд, оё бо миллати худ даст додану аз куштани он даст кашидан боиси афсӯсу пушаймони хоҳад буд?  Онҳо киро ҳадафи  худ қарор дода будан? Агар сулҳ немекарданд аз миллаткушӣ чи ба даст меоварданд? Хизматҳои хирсонаи дар гузашта ба миллати тоҷикнамудаи  ҲНИ-и  як умр аз хотири ин миллат нахоҳад рафт ва рафтанӣ ҳам нест. Муҳоҷирини меҳнатии муҳтарами тоҷик бояд як чизро донанд, ки давлату миллат ҳеч гоҳ онҳоро мадди назар накардааст ва нахоҳад кард. Чихеле, ки ҳамагон медонанд ба муҳоҷирати меҳнати рӯй овардани мардум танҳо падидаи нав ва хоси миллати тоҷик набуда, дар тамоми мамлакатҳои дунё  ин равиш вуҷуд дорад.

Яқубов Аҷикулло, роҳбари ихтиёриён (волонтёрҳои) назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg