БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мунтазам идома додани вохӯриҳо вобаста ба маъракаи муҳимми сиёсӣ яке аз вазифаҳои ҳизбиён ба ҳисоб рафта, бо ин мақсад дар деҳаи Истгоҳи Киров Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо иштироки мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва ба ҳисобгирии  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Асоев Хизридин вохӯрӣ бо интихобкунандагон роҳандозӣ гардид.

Зимни суҳбат оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020 гуфта шуда, нақшаҳои ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар даҳ соли оянда ба ҳозирин шарҳ дода шуд.

Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg