БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МАН АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Сайёд” вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ доир карда шуд.

Дар ин вохӯрӣ узви гурӯҳи таблиғотӣ оид ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҷӯрабоев З, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Шаҳритуз Султонзода Фирӯза, раиси ташкилоти ибтидоии  «Сайёд» Чориев Ҳазрат ва раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Шарофзода Ҳомидҷон иштирок намуданд.

Шарофзода Ҳомидҷон дар мулоқот  ба сухан баромада, оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи солҳои 2013-2020, саҳми ҲХДТ дар рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ дар ҳафт соли ояндаро ба ҳозирин шарҳ дод.

Иштирокдорон дар навбати хеш баён доштанд, ки номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рӯзи интихобот ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg