БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НОМЗАДИ ҲХДТ – КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ВА ПЕШРАФТИ БОСУБОТИ ТОҶИКИСТОН

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  дар маъракаи муҳими сиёсии интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, ба номзади арзандаву сазовор ба мақому мансаби  олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба тарафдории Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овозҳои хешро медиҳем.

Овоздиҳии мо ба хотири фардои боз ҳам дурахшони Ватани маҳбубамон аст, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ мо шоҳиди пешрафт ва тараққиёти бесобиқаи кишвар дар ҳама самтҳои ҳаёти ҷомеа ҳастем.

Маҳз бо талошҳои созандаю бунёдкорона ва сиёсати хирадмандонаю оқилонаи Пешвои муаззами миллат, миллату давлати мо тоҷикон дар арсаи ҷаҳон обрӯву нуфуз ва мавқеъи устувор пайдо кард ва дар ҳалли мушкилот ва проблемаҳои сатҳи минтақавию байналмилалӣ бо ташаббускориҳои некбинона дар сафи пеш қарор дорад.

Чунин сиёсати сулҳҷӯёна ва хирадмандона барои ояндаи кишвар боз ҳам имкони рушду пешрафти бемислро фароҳам хоҳад овард, ки мо бо азму иродаи Пешвои муаззами миллат эътимоди қавӣ дошта, бо ифтихору сарфарозӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ сидқан бо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонем ва дар партави сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат баҳри рушди соҳаҳои мухталифи ҷомеа, корҳои созандагиву бунёдкории минбаъдаи кишвари азизамон бо кору пайкори инсондӯстонаву ватанпарварона ҷонфидои  давлату  миллатамон  ҳастему мемонем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg