БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАВРАСОН НАСЛИ ОЯНДАСОЗИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТАНД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбарияти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо мақсади шиносоӣ аз раванди таълиму тарбия ва бо назардошти таваҷҷуҳи аввалиндараҷа доштани Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба соҳаҳои илму маориф бо омӯзгорон ва муҳассилини муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 45-и Ҷамоати деҳоти Дӯстӣ мулоқоту вохӯриҳои судманд доир намуданд.

Дар раванди мулоқотҳо дар муассисаи таълимӣ намояндагон ба ҳолати донишомӯзии хонандагон ва кишти қитъаи замини муассисаи таълимӣ шинос гардида, барои гузаронидани кишти такрорӣ ва барои таъмини амнияти озуқаворӣ дастуру тавсияҳо доданд. 

Дар вохӯрии мазкур раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб бо омӯзгорон ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани таълиму тарбияи хонандагон, омӯзиши бештари фанҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ, инчунин барои омӯзиши забонҳои русию англисӣ тавсияҳои судманд доданд.

Ҳамзамон, таъкид бар он доштанд, ки дар баробари иҷрои фаъолияти омӯзгорӣ дар маъракаи пешазинтихоботӣ ба корҳои фаҳмондадиҳӣ машғул гардида, миёни мардум номзад ва Барномаи номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро таблиғу ташвиқ намоянд.

Инчунин масъулин омӯзгоронро даъват бар он намуданд, ки омӯзгорон  зиёиён хазинаи тиллоии миллатанд, бинобар ин, дар чорабиниҳои сиёсию иҷтимоӣ фаъолона иштирок ва саҳмгузорӣ намуда, дар корҳои таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои иштироки мардум дар интихоботи қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии мардум марбут ба интихобот бо истифода аз нерӯи зеҳнии худ мусоидат намоянд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg