Сокинони маҳал аз суҳбати ҳизбиён изҳори қаноатмандӣ намуданд

ХОВАЛИНГ. Дар асоси нақшаи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг дар деҳаи Даҳани шоли ҷамоати деҳоти ба номи Ғаффор Мирзо бо иштироки мутахассиси шуъбаи таблиғот, иттилоот ва таҳлили Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Амирзода Аловуддин Қурбоналӣ, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг Сафар Халилов ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ  оид ба дастуру супоришҳои Сарвари давлат дар ҷамъомад бо табақаҳои гуногуни аҳолӣ вохӯрӣ доир карда шуд.

Ҷамъомадро раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сафар Халилов кушода,  мақсад аз вохӯрӣ ба мардум фаҳмонидани моҳияту муҳтавои суханрониҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеа кишвар ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  буд.

Дар назди ҷамъомадагон мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Амирзода Аловудин баромад намуда, вазифаҳое, ки аз баромади Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлис бо табақаҳои аҳолии ҷумҳурӣ бармеояд,  муфассал суханронӣ намуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ нуктаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вохӯриро Сафар Халилов ҷамъбаст намуда, дар вазъияти тантанавӣ ба чанде аз сокиноне, ки бори аввал ба сафи ҳизб шомил шуданд,  шаҳодатномаҳои ҳизбиро супорид.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

official-youtube-logo.png