БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛУ ТАДБИРҲОИ ҲИЗБИЁН ДАР МАЪРАКАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ ПРЕЗИДЕНТӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи тарғиботии ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бо роҳбарии намояндаи Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб дар деҳаю маҳаллаҳои ҳудуди Ҷамоати деҳоти ба номи Калинин корҳои таблиғотиро ҷиҳати иштироки фаъолона дар интихоботи қарибулвуқӯъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳандозӣ намуданд.

Дар рафти мулоқоту вохӯриҳо гурӯҳи тарғиботӣ оид ба ҳуқуқу уҳдадориҳои мардум дар интихобот ва масъулияти шахсӣ доштани ҳар як шаҳрвандро дар интихобот фаҳмонида, дастовардҳои соҳаҳои муҳими ҳаёти мамлакатро дар даврони фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд.

Сокинонро бо Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки барои рушду тараққиёт ва зиндагии шоистаи мардуми Тоҷикистон равона гардидааст, шинос карданд.  

Инчунин, намояндагон оид ба тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстии ҷавонон, ихтиёран ва бо арзи садоқат ба Ватан рафтани ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ миёни аҳолӣ ва махсусан ҷавонони синну соли даъватӣ суҳбатҳо доир намуданд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg