ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии гурӯҳи таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ бо интихобкунандагон вобаста ба муаррифии Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №16, деҳаҳои Роҳи Нав ва Бештути Ҷамоати деҳоти Деҳқонобод баргузор гардид.
Дар мулоқот аъзои гурӯҳи таблиғотӣ оид ба муҳтавои Барноммаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, пешрафту ободии Ватан таҳти сиёсати ватандӯстонаи Роҳбари давлат таи 29 сол, ҳадафҳои стратегии кишвар, расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ, саноатикунонии босуръат ва раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва дигар дастовардҳо андешаронӣ карда, аз интихобкунандагон даъват ба амал оварданд, ки барои ояндаи дурахшони сарзамини аҷдодиамон ба номзади арзанда аз ҲХДТ овоз диҳанд.