БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ҶУЗЪИ ТАРКИБИИ ҲУҚУҚИ КОНСТИТУТСИОНИИ ШАХС АСТ

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста  ба   тибқи  нақшаи фаъолияти  аъзои  гурӯҳи  таблиғотии  назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  дар  деҳаҳои  Арабхона  ва  Арабхона  1-и   Ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо   усули  «хона  ба  хона» бо  фарогирии   интихобкунандагон  суҳбату  вохӯриҳо  оид  ба   интихоботи  Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  баргузор  гардид.

Аъзои  гурӯҳи   тарғиботӣ ва  ҳамчунин  зергурӯҳҳо  ба  интихобкунандагон  иттиллоъ  доданд, ки интихобот  раванди  сиёсиест, ки  баҳри  такмили  фаъолияти  қувваҳои  сиёсӣ, ба  ҳам  омадани  онҳо, инчунин  муборизаи  осоиштаи  байни  онҳо, майдони  мусоидро  фароҳам  оварда,   иқтидори  сиёсӣ, маҳорати  ташкилотчигию корбарии   қувваҳои  сиёсиро  муайян  менамояд ва онҳоро  барои  таъмини  рушди   минбаъдаи  ҷомеа  муваззаф  созад. Иштирок  дар  интихобот  ҷузъи  таркибии  ҳуқуқи  конститутсионии  шахс  аст. Дар  баромадҳо аъзои  гурӯҳи  корӣ  қайд намуданд, ки  интихоби дурусти мо  ояндаи  дурахшони  кишварамон мебошад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg