АНДЕША. Интихобот раванди сиёсиест, ки баҳри такмили фаъолияти қувваҳои сиёсӣ, ба ҳам омадани онҳо, инчунин муборизаи осоиштаи байни онҳо, майдони мусоидро фароҳам оварда, иқтидори сиёсӣ, маҳорати ташкилотчигию корбарии қувваҳои сиёсиро муайян намуда , онҳоро барои таъмини рушди минбаъдаи ҷомеа равона месозад.
Ҳар як маъракаи сиёсие, ки дар ҷомеа ба вуқӯъ мепайвандад, ба шахс таъсири бевосита ва бавосита расонида, дар тафаккур ва рафтори сиёсии ҳар як нафар нақши худро мебозад. Муҳити иҷтимоӣ бошад дар тафаккури шахсии ҳар як нафар таъсири худро мерасонад. Дар маъракаи интихобот ҳар як шахс ҳамчун субъекти сиёсӣ раванди ҳодисоти сиёсии ҷомеаро тибқи фаҳмишу идрок ва савияи донишу маърифати ҳуқуқии худ тақвият бахшида, дар доираи чаҳочӯбаи муайяни қоидаҳо ва муҳлати муайяни вақт онҳоро амалӣ менамояд. Шаҳрванд дар интихобот ягона сарчашмаи ҳокимият ба шумор меравад ва тақдири номзадҳо ва ҳизбҳои сиёсӣ ба иродаи онҳо вобаста мебошад.
Маъракаи интихобот раванди иҷтимоишавии сиёсии шаҳрвандонро суръат бахшида, шаҳрвандон симои воқеии ҳизбҳои сиёсӣ ва номзадҳоро шинохта мегиранд. Маҳз раванди суҳбату вохӯриҳо, мулоқоти номзадҳо аз ҳизбҳои сиёсӣ мавқеи ҳизб дар ҷомеа ва қувваҳои сиёсии он баҳогузорӣ карда мешавад.
Интихобот ҳамчун маъракаи муҳими сиёсӣ қувваҳои гуногунро баҳри ба даст овардани қудрат ба майдони мубориза мебарорад. Довари ин мубориза шаҳрвандони дорои ҳуқуки интихоботӣ мебошанд, ки тавассути баҳодиҳӣ ба фаъолият маҳорат, таҷриба ва имконияту қудрати сиёсии субъектҳои интихобот нисбат ба онҳо қарор қабул мекунад ва масъалаи фаъолияти минбаъдаи онҳоро ба сифати кувваи амаликунандаи ҳокимияти сиёсӣ ҳал менамояд. Интихобот раванди сиёсии дорои хусусияти мураккаб мебошад. Мураккаби интихобот дар он зоҳир мегардад, ки ҷомеа ва мақомоти ҳокимияти далатиро фаро гирифта, ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии дорои ҳуқуқи интихоботӣ мебошанд тавассути баҳодиҳӣ ба фаъолият, маҳорат, таҷриба ва имконияту қудрати сиёсии нисбати онҳо ҳал менамояд.
Дар интихоботи демократӣ истифодаи усулҳои номақбул, аз қабили назарфиребии сиёсӣ, туҳмату буҳтон задан ба рақиби сиёсӣ, бадномкунӣ ва дигар усулҳои номақбули таъсиррасон ба чашм мерасад, ки ҳамчун механизми интихобот ба кор мебаранд. Паҳлуи дигари масъала дар он аст, ки истифодаи ин усулҳо аз доираи ахлоқ берун мебошад. Ин раванд дар маъракаи интихобот ҳамчун технологияи «сиёҳ» маънидод карда мешавад.
Ҳамин тариқ, таҳлили масъала тақозо менамояд, ки интихобот дар камолоти сиёсӣ ва ҳуқуқии шахс ва ҷомеа нақши назаррас дошта, василаи муҳими таъмини иҷтимоишавии сиёсии шахс, такмили муносибатҳои мавҷудаи ҷамъиятию сиёсӣ дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа мебошад.
Дар интихобот низоми мавҷудаи муносибатҳои ҷамъиятиро дар раванди минбаъдаи рушди давлат муайян намуда, ба ҷобаҷогузории қувваҳои сиёсӣ ва ба идоракунии сохтори давлат моҳияти тоза мегузорад.
Аз ин лиҳоз иштирок дар интихобот уҳдадорӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ буда, яке аз шакли фаъоли рафтори сиёсии ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб меравад ва баҳри пешрафти ҷомеа таъсири мауайяни худро расонида метавонад.
Нишонзода Даврон, узви КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон, раиси ноҳияи Носири Хусрав