ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳҳои таблиғотии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар кӯчаю маҳалла ва деҳаҳои ба онҳо вобастакардашуда ҷиҳати ба сокинон фаҳмонидани дастовардҳои 7 соли охири даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки дар Барномаи пешазинтихоботии номзаб ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нишон дода шудааст, суҳбату вохӯриҳо доир намуданд.
Дар ин рӯз аз ҷониби аъзои гурӯҳ 5 суҳбат дар толор ва 10 суҳбат дар кӯча ва саҳро ва бештар аз 407 суҳбати “хона ба хона” (гузаронида шуд. Сокинони ноҳия (интихобкунандагон) Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро бо қаноатмандии бузург пазируфта, изҳор доштанд, ки рӯзи интихобот якдилона ба тарафдории номзади арзандаи худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон овози худро медиҳанд.