ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шиинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 вохӯрии гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Сайроби Ҷамоати деҳоти Панҷоб оид ба интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номзади арзанда аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид.
Зимни баромади роҳбари гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи ноҳия Давлатоҷон Ғаффорзода оид ба Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ карда, қайд намуд, ки дастоварду пешравиҳо маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон буда, моро водор месозад, ки дар ояндаи наздик низ бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ фаъолият кунем ва барои ҳар як сокини мамлакат зиндагии шоиставу шароити беҳтарро муҳайё созем омадааст, дар Барномаи пешазинтихоботии номзади арзандаи мо Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Вусъат гирифтани раванди созандагӣ нишонаи возеҳи боло рафтани ҳисси ватандӯстӣ миёни ҷомеа мебошад.
Давлатҷон Ғаффорзода аз иштирокдорони вохӯрӣ даъват ба амал овард, ки рӯзи интихоботи Президент фаъолона иштирок карда, ба тарафдории номзади арзандаи ҲХДТ Эмомалӣ Раҳмон овоз диҳанд.