ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи кории тарғиботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор бо мақсади шарҳу тавзеҳи Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ ва ҳамзамон оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва истифодаи мақсадноки заминҳои ҳоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳудуди деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти “20 - солагии Истиқлолияти Тоҷикистон ” бо сокинон вохӯрӣ баргузор намуданд.
Зимни суҳбат бо заҳматкашон сардори зергурӯҳ Сафаров Тоҷиддин бо иқтибосҳо аз Барномаи пешазинтихоботии номзади ҲХДТ иброз дошт, ки дар ҳафт соли охир ба соҳаҳои гуногуни иқтисоди миллӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 83 миллиард сомонӣ сармоя, аз ҷумла зиёда аз 30 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ҷалб гардид. Барои татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 24 миллиард сомонӣ, аз ҷумла дар соҳаи энергетика 11 миллиард сомонӣ, нақлиёт 7,3 миллиард сомонӣ, кишоварзӣ ва обёрӣ 1,3 миллиард сомонӣ, бахши иҷтимоӣ ва дигар соҳаҳои афзалиятнок беш аз 4 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Илова бар ин, ҳоло барои рушди соҳаҳои мазкур 70 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи умумии 36 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ манзили истиқоматӣ ба масоҳати 9 миллион метри мураббаъ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва томактабӣ бо зиёда аз 160 ҳазор ҷойи нишаст ва муассисаҳои тандурустӣ бо 9 ҳазор кат сохта, ба истифода дода шудаанд. Дар ҳафт соли охир беш аз 1500 километр роҳи мошингард, 190 пул, 4 долони зидди тарма ва 50 километр роҳи оҳан бунёду навсозӣ гардида, имконияти транзитии кишвар густариш дода шуд. Дар натиҷа Тоҷикистон тибқи арзёбии созмонҳои байналмилалӣ аз рӯи нишондиҳандаи сифати роҳҳои мошингард дар байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол намудааст.
Ҳамзамон, ба сокинон варақаҳои тарғиботӣ оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва рӯзномаҳои ҳизбӣ тақсим карда шуд.