БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБУ ТАШВИҚИ БАРНОМАИ ПЕШАЗИНТИХОБОТИИ НОМЗАД АЗ ҲХДТ ДАР МАҲАЛ

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар якҷоягӣ бо гурӯҳи тарғиботӣ бо усули «хона ба хона» дар маҳаллаи Нурафшон баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ аз тарафи масъулин Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба сокинон муаррифӣ карда шуд.

Қайд карда шуд, ки Барномаи мазкур дар доираи дигаргуниҳое, ки солҳои охир дар кишвар ва ҷаҳон ба амал омадаанд ва бо дар назардошти дурнамои 7 соли оянда (2020-2027) таҳия шуда, ба ҳалли масъалаҳои муҳимми ҷомеа, аз ҷумла таъмини рушди устувори иқтисодӣ, саноатикунонии босуръат, ҷорӣ кардани иқтисоди рақамӣ, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, рушди неруи инсонӣ ва таҳкими соҳаҳои иҷтимоӣ равона мегардад.

Ҳамзамон, намояндагони гурӯҳи корӣ дар суҳбат қайд намуданд, ки мувофиқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, рӯзҳои охир хуруҷи беморӣ коҳиш ёфта, шумораи шахсони табобатёфта меафзояд. Аммо сар задани мавҷи дуюмбораи ин беморӣ дар баъзе кишварҳо моро дар канор гузошта наметавонад ва водор менамояд, ки баҳри пешгирӣ аз он ҳамаҷониба омодагӣ дошта бошем.

Дар вохӯрӣ масъулин ба иштирокдорон ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg