БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАРД ОН, КИ САРАФРОЗ САРИ ДОР БИМИРАД!

Мард он, ки сарафроз сари дор бимирад,

Як бор таваллуд шуда, як бор бимирад.

ВОКУНИШ. Оре, мард он нафарест, ки дасту дили нек, виҷдони пок дораду барои нангу номуси Ватан ҷони хешро сипар месозад, зеро Ватан ҷойест ки мо дар оғӯши зебояш ба дунё омадаву ба камол расидаем. Ватан “хиёнат” -ро намебахшад. “Хиёнат” ба Ватан “хиёнат” ба Модар аст.

Ҳанӯз кӯдак будаму бибиям бароям қисса мекард, ки бобоят иштирокчии ҶБВ буд ва барои дифои Ватан дар қатори ҳазорон фарди ватандор қаҳрамонона бар зидди душман, яъне Германияи фашистӣ ҷангидааст.  Аз бобоям бошад бобати давраҳои ҷанг ва қаҳрамониҳо қиссаҳои ҷолиб мешунидаму худро яктои хушбахти замон тасаввур мекардам, ки бобои ман қаҳрамон асту дар набардҳо ҷангидааст.

Пас бузургтар шудаму оташи ҷанги шаҳрвандиро дар Ватанам, яъне пеши чашмам дидам, қиссаҳои бобоям гуфтаву майдонҳои набарди ӯ ҷангида дар пеши чашмам танҳо кӯчак буд, зеро дар он давра ҳатто Гитлер ба мисли наҳзатиҳои хунхор амал накардааст.

Танҳо дар як ноҳияи Ёвон қиёс ба ҶБВ кунем ҷанги бародар бо бародар, маҳал бо маҳал, қавм бо қавм, мазҳаб бо мазҳаби дигар. Кӯштани кӯдакону пирон, таҷовуз кардани духтарону хоҳарон, дар паси мошинҳо бастану кашидани одамони зинда то дами марг, буридани сар ва узви бадани одамони бегуноҳ, аз байн бурдани бузургону қаҳрамонони миллат, ба вайрона мубаддал сохтани кишвар ин ҳама даҳшат аст. Даҳшате, ки мо дидааему шунидаем. Даҳшате, ки мутаассифона ҳақиқати ҳолро бозгӯ аст. Даҳшате, ки сабабгори аслиаш аъзову пайравони ҳизби мамнуъгаштаи ТЭТ наҳзати исломӣ аст, ки зери ниқоби “Исломи бузург” қодир ба чунин ҷиноятҳо гаштаанду ба Ватану модари худ “хиёнат” кардаанд.

Имрӯз шармандагист, ки Муҳамадиқболи Садриддин- саркардагон ва пайравони ТЭТ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, дар бораи Ватан, Истиқлолу озодӣ ва паймони миллии Тоҷикистон сухан мегӯянд.

Бошад сухан бигӯянд, ҳуқуқи башар ба онҳо иҷозат додааст. Охир суханро дар хонаи торику танг не, пас дар минбару маҳфилҳо ва толору анҷуманҳо бигӯянд.

Барномае, ки шоми 16 сентябри соли равон тавассути шабакаи Ютуб аз ҷониби Муҳамадиқболи Садриддин пахш гардид, иродаи солимро мехост, ки Муҳамадиқболи хоин надорад. Суханони сарсариву посухҳои масхараи тарафдоронаш (албатта гурӯҳи 24) боиси шармандагист. Хушбахтона ин барномаҳо тавассути забонҳои хориҷӣ пахш намегардад, зеро ки мо тоҷикон дар доштани чунин ҳамватанони оҷизу дармонда ва беақлу беандеша шармсор мегардидем.

Маъракаи пешазинтихоботиии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дассисаи навбатии наҳзатиҳо қарор гирифта, мисли қабл барномаҳои беҳосили хешро манзури бинанда менамоянд, мисли сагҳои парешон то субҳ аккос мезананду монда шуда, то баромадани овози хурӯс (хоҷаи хориҷӣ) хоб мераванд. Баъди баланд гардидани садои хурӯс боз мераванд паси иҷрои нақшаҳои хурӯс.

Кош бошад, ки “исломшиносон” ва ё “посдоронадагони дини ислом” субҳи содиқ бо нияти адои намози бомдодӣ бархезанду тавбаи гуноҳҳои хеш созанд, лек ҳайҳот...

Садҳо  афсӯс мехӯрам, ки ин разилон тоҷиканду онҳоро низ, модари тоҷик ба дунё овардаву дар хоки Тоҷикистони азиз ба воя расонидааст.

Лек ба қавли шайх Садии бузургвор:

Саъдиё, Шерозиё таълим мадеҳ бадзотро,

Бадзот агар доно шавад, санге занад устодро.

Ин мисраҳои шеъриро садсолаҳо қабл маҳз барои Гадоев Ш., Муҳиддини К., Назарзода Ҳ., Маҳмадалии Ҳ., Сулаймон Д. Муҳамадиқболи С ва даҳҳо чунин бадзотҳо гуфтаанд, ки имрӯз шоҳиди ҳол аст.

Мусаллам аст, ки агар давлате побарҷо ҳаст ва тараққиёту пешравӣ дар он дида мешавад, интизории ҳар рӯйдоди хуш ва нохуш аст. Чашми ҳасудбинон доимо дунболи хиёнат, мансаб, зарар ва задани теша бар решаи миллат ва давлат аст, ки ба ин ҳасудон шумо харгӯшони гурезони луқмаи гургон мисол шуда метавонед. Имрӯз давлати Тоҷикистон бо доштани нуҳ миллион  нафар аҳолии хеш дар ҷаҳон бо Пешвои муаззами худ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати абарқудрат ва сулҳофар шинохта шуда, таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар тамои дунё омӯхта мешавад.

Имрӯз ҳамчун як зан, модар афсӯс аз он мехӯрам, ки сиёсатмадорони кулли ҷаҳон ба қудрати сулҳофаринии миллати тоҷик ва Пешвои сарсупурдааш садҳо таҳсину офарин мехонанду лек ду-се нафар бозичаи дасти хоҷагон, ки ин миллат бо айби ин шахсиятҳо муддате ба чоҳи зулмот рафта буд, худро тоҷик муаррифӣ намуда, аз номи миллати тоҷик сухан мегӯянд. Миллати тоҷик аз шумо барин миллатдорону паймонсозон садҳо маротиба безор аст, зеро шуморо аҳду паймони худатон ноустувор аст, шумо сагони косалесе беш нестед.

Ин хоинон танҳо як мақсад ва як маром доранд, ин ҳам бошад мансабхоҳию мансабталошӣ, дигар ҳеҷ…

Ба кулли модарони азиз ва ҷавонони кишвар муроҷиат намуда гуфтаниям, ки  зиракии сиёсиро аз даст надиҳед, фарзандонро дар рӯҳияи ватандорию ватандӯстӣ ҳидоят намоед, зеро Ватан гаҳворест, ки мо дар оғуши гарми модаронааш бо ҳазор орзуву умед ба воя мерасем. Ватан сароғози ҳамаи ҳастӣ ва пушту паноҳи ҳар соҳибватан аст.

Арастуи бузург мегӯяд, ки «Чизҳои маълум ба каме аз одамон маълуманд». Дар ҳақиқат мегӯянд, ки агар шаҳомати кӯҳро фаҳмидан бихоҳӣ, ба он наздик бишав. Хоксории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳама маълум аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарзанди халқи хеш аст ва робитааш бо сарзамини аҷдодӣ халалнопазир, бо ғами мамлакат ва мардуми худ мезиҳад ва бо фаъолияти бисёр ҷабҳа имрӯзу ояндаи онро муайян мекунад. Сифатҳои беҳтарини халқи тоҷик дар шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҷассум ёфтааст. Ӯ ватандӯст аст, далериву ҷасурӣ дорад…

Месазад, ки дар ин ҷода мо соҳибватанон барои худ пеш аз ҳама аз дарсҳои худшиносии миллӣ ва ватанпарастии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сабақи дастуру ҳикмат бигирем. Дар ёд дошта бошем, ки Пешвои миллат бо ҷаҳду талошҳои ватанпарастонаашон  Тоҷикистонро имрӯз ба сангари ягонаи донишу фарҳанги ҳама порсоён ва тоҷикони ҷаҳон, ҷилвагоҳи воқеии  фарҳанги ростини порсии тоҷикӣ табдил додаанд.   Аз оғози эҳёи Тоҷикистони навин, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон манбаи илҳоми ҷомеа ва қутбнома, асосгузор ва илҳомбахши ғояи ваҳдати миллӣ, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Раиси Анҷумани тоҷикон ва ҳамзабонони бурунмарзии мо буда, аз ҷониби созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ҳамчун Пешвои асри 21 ва яке аз 500 мусулмони беҳтарини дунё пазируфта шудаанд, ки боиси ифтихору сарфарозии мост.

Воқеияти кунунӣ ин аст, ки биёед ба бетарафӣ хотима гузошта, бар зидди хурофоту таассуб ва ҷаҳолату мазҳаббозӣ фаъолият нишон диҳем, то тавонем ин сулҳу Ваҳдат ва ин Истиқлолияти комили давлатиро мисли як гавҳараки чашм нигоҳ дорем.

Саёҳат Абдуллозода, узви КИМ ҲХДТ, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg