БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЗАНОНУ ДУХТАРОН БА ИНТИХОБОТ!

АНДЕША. Тоҷикистон яке аз кишварҳое мебошад, ки ба мавқеи зан -модар таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зан-модар тамоми шароитҳои лозимаро муҳайё намуда, онҳоро аз лиҳози қонунӣ ҳифз мекунад. Ҳар падида ва раванде, ки дар ҷомеа ба вуҷуд меояд, он пеш аз ҳама ифодакунандаи талаботу манфиатҳои аъзои ҷомеа мебошад. Яке аз чунин ҳодисаи муҳим дар ҳаёти сиёсии ҷомеа интихобот аст. Интихобот ҳамчун раванд ва унсури муҳими сиёсат маҳз дар ҷомеаи демократӣ ба таври зарурӣ шакл гирифта, усул ва вазифаҳои асосии худро соҳиб гардидааст.

Интихобот дар равандҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад, зеро як нишона ва принсипи асосии мавҷудияти ҷомеаи демократиро дар давлат, интихобот ва низоми интихоботи ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, дар Конститутсия - Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона муаррифӣ гардидааст. Мардум тавассути интихобот шахсиятҳои арзанда ва мувофиқро пайдо намуда, онҳоро ҳамчун роҳбар ва ҳимоягари манфиатҳои хеш интихоб менамоянд.

Интихоби Президент тавассути интихобот яке аз пояҳои асосии давлатдории миллӣ ба ҳисоб рафта, аз меъёрҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд, ки таъминкунандаи ҳуқуқҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ мебошад. Қобили таваҷҷуҳ ва сарфарозист, ки иштирок дар интихобот нишонаи дарки баланди масъулият буда, занону духтарони мо ин нуктаро хуб дарк намудаанд ва бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ дар интихобот иштирок менамоянд. Ин барои мо занон ифтихор аст, ки имрӯзҳо мақоми зан дар ҷомеа бо вусъат баланд бардошта шуда, дар ин баробар бонувон низ масъулияти худро эҳсос карда истодаанд.

Дар маҷмуъ, интихобот бо ҳарф намешавад, интихобот бо ширкати мардум, ҳузури мардум, иродаи мардум, иртиботи фикрӣ ва ақлонӣ ва эҳсосоти мардум бо таҳаввулоти кишвар сурат мегирад, чунки аҳаммияти интихобот дар рушди ҳамаҷонибаи ҷомеа хеле бузург аст. Аз ин рӯ шаҳрвандони ҷумҳурӣ, ба хусус занону бонувонро  зарур аст, ки дар ин маъракаи муҳими сиёсӣ фаъолона иштирок намуда, мавқеи худро дар интихоби Сарвари давлат муайян созанд. Шаҳрвандон бояд огоҳ бошанд, ки бетарафӣ дар интихобот падидаи манфӣ аст ва чун интихобот воситаи муҳими амалигардии ҳокимияти мо шаҳрвандон аст, пас дар ин раванд ҳар яки мо бояд фаъолнокии бештари сиёсӣ зоҳир намоем. Занону духтарон дар  ин маъракаи муҳими сиёсӣ – интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ифодаи олии бевоситаи ҳокимияти халқ раъйпурсии умумихалқӣ ва интихобот аст, бояд  иштирок намоянд.

Итминони комил дорам, ки занон дар интихобот ва Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вохӯриҳо ва маъракаҳои пешазинтихоботӣ дар байни аҳолӣ баҳри тарғиби ғояҳои хештаншиносӣ, баланд бардоштани руҳияи худогоҳию ватандӯстӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, бештар ширкат варзида, дар пойдории сулҳу субот, таъмини оромию осудагӣ дар Тоҷикистони азиз дар баробари мардон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Сабоҳат Салимова, мудири  шуъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш                                   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg