Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи кории гурӯҳи тарғиботии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи Абдувадуд Дӯстови Ҷамоати деҳоти Ҳалевард суҳабту вохӯриҳо бо интихобкунандагон оид ба таблиғу ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир гардид.
Дар ин вохӯрӣ роҳбари зергурӯҳ Назарзода Анзурат бо интихобкунандагон оид ба дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар 7 соли охир баромад намуда, аз интихобкунандагон даъват ба амал овард, ки ояндаи давлату миллат дар дасти худи мост ва моро зарур аст, ки бо интихоби номзади арзандаи ҲХДТ барои таъмини зиндагии босаодат ва пешрафту шукуфоии Ватан ба номзади арзанда дар рӯзи интихобот овоз диҳем.