ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии “Гулистон” вобаста ба ташвиқу тарғиби Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқиии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Инчунин, дар вохӯрӣ аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ қайд карда шуд, ки иштирок дар интихобот-ин иштирок дар ташкили ояндаи худ аст. Тариқи иштирок дар маъракаҳои сиёсӣ мо садоқати худ ва ҷонибдории пешрафти мамлакатро нишон медиҳем.