БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ ИНТИХОБНАМУДАИ КАБИРӢ АЗ АВВАЛ ХАТО БУД

ВОКУНИШ. Муҳиддин Кабирӣ, роҳбари гурӯҳи тахрибкори Паймони миллӣ, таъсисёфта аз боқимондаҳои ҳизби наҳзати ислом, ба қавле мухолифини тоҷик, аммо дар асл хиёнаткорони Ватан рӯзи 16 сентябр бо “Барномаи Осиёи Марказӣ” дар Донишгоҳи Ҷорҷ Вашингтони ИМА суҳбати онлайние баргузор намуд, ки зимни он бо шеваи пештара танҳо ба бадгӯии Роҳбарияти Олии кишвар  камар баста буд.

Пештар дар гузориши онлайнии хеш, ки дар рӯзҳои паҳн шудани бемории ҳамагири короно сабт шуда буду ҷойи мардуми тоҷикро ба сабру таҳаммул ва иҷрои қоидаҳои беҳдоштӣ даъват кардан онҳоро барои ба тазоҳурот баромадан ва сарнагун сохтани ҳукумати конститутсионӣ талқин мекарду мегуфт “вақти он расидааст, ки мардум кӯча бароянду қиём кунанд” ва ин амали навбатии хиёнаткоронаи худро тақрибан чунин шарҳ дод: “медонам дар чунин рӯзҳо ин гуна масъалагузорӣ кардан чандон дуруст набошад, аммо мо дигар вақт надорем, чунки дар пеш интихоботи президентӣ истодааст”. 

Чунин мавқеъгирӣ шаҳодати он аст, ки ин ашхосро ҳеҷ гоҳ хоҳишу майли ҳукмрон шудан тарк намекунад ва барои расидан ба ин орзу хурдтарин имкониятро истифода мебаранд. Барои онҳо муҳим нест, ки Ватани мо имрӯз чи тараққиёт дораду чи пешравӣ. Дарду аламашон аз он аст, ки Пешвои маҳбуби миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Инро низ эҳсос мекунанд, ки бо он маҳбубияте, ки дар миёни мардуми тоҷик дорад, пирӯзӣ ҳатман насибаш хоҳад буд.

“Номзад шудани худи Раҳмон, барои аксарият маънои онро дорад, ки ҳеч тағйироте нахохад шуд. Ин маънои онро дорад, ки раванди бӯҳронӣ чӣ аз лиҳози сиёсӣ ва чӣ аз лиҳози иқтисодӣ боқӣ хоҳад монд ва бадтар ҳам мешавад.”- бешарафона изҳор медорад Кабирӣ. Ин айбдоркуниҳои беасосу бепоя “курӣ”-и пурраи ӯст. Ҳар нафаре, ки рушду пешрафти Тоҷикистонро дар тӯли бештар аз ду даҳсола “надидааст”-ӯ “намебинад” ба қавли шоир “Ё одам нест, ё аз ин олам нест.”

Рӯзе нест, ки тавассути васоити ахбори омма хабаре аз ба истифода додани иншоотҳои муҳими давлатӣ ва фарҳангию иҷтимоӣ пахш нашавад. Дар саросари мамлакат мардум ба нишонаи тарафдорӣ аз Президенти маҳбуби худ ва арзи эҳтиром ба хизматҳои барои халқу Ватан адонамудааш баҳри истиқболи шоиста аз 30-юмин солгарди ҷашни Истиқлолияти давлатии Ватани азизамон ба корҳои ободониву созандагӣ камар бастаанд. Ҳама он тағйироту пешравиҳое, ки дар тамоми самтҳои хоҷагии халқи мамлакат ба вуқӯъ омадаанд, сифр ба хотири беҳсозии зиндагии мардум буду ҳаст.

Имрӯз мо модарони шукргузору ризоманд аз сиёсати имрӯзаи давлату ҳукумат ба Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш муроҷиат карда мегӯем: Пеш аз оне, ки касеро, сохтореро, давлатеро муттаҳам ба гуноҳе созед, бояд андеша кунед, ки барои ин миллату давлат чӣ кардаед?. Замоне, ки Пешвои муаззами халқамон барои сулҳу ваҳдат мубориза мебурд, вақте, ки барои баргардонидани гурезагони тоҷик чора меҷӯст. Лаҳзаҳое, ки бо ҳидоятҳои созанда ва амалҳои бунёдкорона ба захмҳои ин миллат малҳам мешуд, куҷо будед? Аз дастатон чӣ меомад? Албатта, ки ғайри туҳмату бадгӯиву тафриқаандозӣ чизи дигар на. Роҳи интихобнамудаи шумо аз аввал роҳи хато буд. Дар ёд доред идомаи ин роҳ авҷи бешарафию беномусист, ки чуноне худи Кабирӣ мегӯяд, бадтар ҳам мешавад.

Мо мардуми тоҷик на бо нишондоди дигарон, балки бо амри виҷдон дар интихоботи дарпешистода ширкат хоҳем варзид ва ба нафаре райъ медиҳем, ки Тоҷикистони азизи моро ба давлати тинҷу обод мубаддал сохт. Рушди босуботи соҳаҳои иҷтимоиву иҷтисодиро таъмин намуд. Эътимоду эътиқоди мо-мардуми оддии кишварро ноил гардид. Мо имрӯз аз ҳуқуқҳои худ бархӯрдорем ва қодирем сарнавишти худро худ бисозем.

Нуринисо Ибодуллоева, мудири шуъбаи кор  бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg